Ссылки доступа

Мусалмонони Ӯзбекистон метавонанд, вақфу закотро тавассути Интернет пардозанд


Ширкати Click дар ҳамкорӣ бо Бунёди ҷамъиятии хайриявии "Вақф" имкон фароҳам оварданд, ки мусалмонон вақфу закоташонро тавассути Интернет ва хизматрасонии алоқаи мобилӣ пардохт кунанд.

Акнун анҷом додани пардохтҳои ҳатмии мусалмонӣ тавассути ҳамаи низомҳо ва дар ҳар макон мумкин шуд.

Закоту вақфи пардохтаи мусалмонҳо дар Ӯзбекистон ба суратҳисоби махсуси Фонди ҷамъиятии "Вақф" интиқол ёфта, баъдан дар умури динӣ сарф мешавад.

"Роҳандозии чунин низом рӯйдоди ҷолибест. Бо назардошти он ки чунин имкон дар моҳи Рамазон иттифоқ афтод, ҳамаи мусалмонҳоро хушҳол мекунад", - гуфт Улуғбек Рустамов, мудири кулли ширкати Click.

Бунёди ҷамъиятии хайриявии "Вақф" ибтидои моҳи майи соли ҷорӣ дар Вазорати адлияи Ӯзбекистон сабти ном шуд. Яке аз ҳадафҳои бунёди мазкур сармоягузорӣ дар бозсозии масҷидҳо, маконҳои муқаддас ва дигар иншооти динӣ унвон мешавад.

XS
SM
MD
LG