Ссылки доступа

Сарвазири Ҳолланд дар порлумон қаҳва резонд ва фаршро шустушӯ кард (видео)


Марк Рютте, сарвазири Ҳолланд рӯзи сешанбе барои мулоқоти корӣ ба порлумони кишвараш рафт. Ҳангоми ворид шудан ба бинои порлумон, вай дар даромадгоҳ қаҳваи дар дасташбударо резонд.

Ин ҳодиса Рюттеро ба ташвиш наовард, аммо он чи ки баъдан рух дод, ҳамаро дар тааҷҷуб гузошт. Ҳангоме, ки муҳофизон фаррошонро даъват карданд, сарвазир асбоби фаршшӯиро гирифта, шахсан қаҳваи резондаашро пок кард.

Шоҳидон гуфтанд, сиёсатмадор дар ибтидо дарк накард, ки мумкин аст, асбоби фаршшӯӣ баланду паст шавад. Аммо дар ниҳоят, сарвазир тавонист, ки қаҳваи резондаашро пок кунад.

Рютте - сотсиалист ва роҳбари Ҳизби халқии озодӣ ва демократӣ аст. Вай бори дувум дар интихобот пирӯз шуда, сарвазирии Ҳолландро ба дӯш дорад.

XS
SM
MD
LG