Ссылки доступа

Президенти ФБШ пешниҳод кард, Ӯзбекистон ватани шоҳмот эълон шавад


Кирсан Илюмжинов, президенти Федератсияи байналхалқии шоҳмот (ФБШ) пешниҳод кард, ки Ӯзбекистон расман ватани шоҳмот эътироф шавад. Илюмжинов гуфт, ватан ё зодгоҳи шоҳмот на Покистону Ҳиндустон ё Эрон, балки Ӯзбекистон аст.

Дар мулоқот бо аъзои Кумитаи олимпии Ӯзбекистон рӯзи 4 июн дар шаҳри Тошканд Илюмжинов гуфт, ФБШ расман аз Кумитаи байналхалқии олимпӣ дархост мекунад, ки Ӯзбекистонро ватани шоҳмот эътироф кунад.

Ин дар ҳолест, ки Илюмжинов соли 2013 Ҳиндустонро ватани шоҳмот эълон карда буд. Изҳороти охири Илюмжинов дар марҳилае сурат мегирад, ки дар ФБШ истеъфои ӯро талаб доранд. Масъалаи истеъфои президенти ФБШ рӯзҳои 7-8 апрел дар шаҳри Мински Белорус садо дод. ИМА зидди Илюмжинов таҳрим эълон кардааст ва ин таҳримҳо ба Федератсияи байналхалқии шоҳмот таъсир расонидаанд.

Курсан Илюмжинов аз соли 1995 ФБШ-ро роҳбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG