Ссылки доступа

Додгоҳи Стокҳолм ҳукми қотили панҷ танро эълон мекунад


Раҳмат Оқилови 40-сола ягона гумонбари ҳамлаи маркази Стокҳолм аст. Вай бо мошини борбар ба пиёдагардон ҳамла карда буд.

Додгоҳи Шветсия бояд имрӯз - 7 июн - ҳукмашро нисбати шаҳрванди Ӯзбекистон Раҳмат Оқилов эълон кунад. Оқилов эътироф кард, ки 7 апрели соли 2017 бо мошини борбар пиёдагардонро пахш кардааст. Дар ин ҳодиса панҷ тан кушта ва 10 нафари дигар маҷруҳ шуданд.

Дар додгоҳ беш аз сад одам ба ҳайси шоҳид баромад карданд. Миёни шоҳидон наздикони қурбоншудаҳо ҳам буданд.

Оқилов эътироф кард, бо ин амалаш мехост, Шветсияро водор кунад, ки аз ҳамла зидди гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" худдорӣ варзад. Айбдоркунандаи давлатӣ барои Оқилов ҳабси якумрӣ талаб кард.

Оқилов шаҳрванди Ӯзбекистон аст. Вай ба Шветсия рафта, дархости паноҳандагӣ карда буд. Аммо мақомоти Шветсия дархости ӯро соли 2016 рад карданд. Як таҳқиқоти муштараки рӯзноманигорон ошкор кард, ки Оқилов бо ҷангҷӯёни "Давлати исломӣ" робитаи мустақим доштааст.

XS
SM
MD
LG