Ссылки доступа

Дар Самарқанд беш аз 200 гумонбари экстремизмро меҷӯянд


Давоми панҷ моҳи охир дар натиҷаи таблиғот ва чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 15 гумонбари тундгароӣ ба маҳали истиқоматашон баргаштанд.

Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, дар ҳоли ҳозир 226 гумонбари дигари тундгароии динӣ дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Пештар аз ин 1623 сокини вилояти Самарқанд аз "рӯйхати сиёҳ"-и мақомот ихроҷ карда шуданд.

Аз ибтидои соли 2018 дар Самарқанд мақомоти қудратӣ 12 сокинро бо гумони терроризму экстремизм ба ҷавобгарӣ кашиданд.

XS
SM
MD
LG