Ба гуфтаи Назарбоев, ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар дар соли гузашта бештар аз 30 дарсад боло рафта, қариб ба 11 миллиард доллар расидааст.
Ҷониби Чин дар ин мулоқот гуфтааст, ҳавасманд аст, ки дар бозорҳояш маҳсулоти кишоварзии Қазоқистон ба фурӯш гузошта шавад. Чин ҳамчунин ба густариши ҳамкориҳо дар соҳаи энержӣ ва рушди робитаҳои фарҳангиву башарӣ даъват кард.
Назарбоев афзуд, ки аз соли 2012 ба ин тараф миёни ду кишвар 127 шартномаи дуҷониба дар ҳаҷми 67 миллиард доллар баста шудааст.
Дар сафари Назарбоев ба Пекин рӯзҳои 6-7 июн наздики даҳ ҳуҷҷати дигари ҳамкорӣ имзо шуд.