Ссылки доступа

Наздикони Қиёмиддини Ғозӣ аз вазъи саломатии ӯ нигаронанд (видео)


Наздикони Саид Қиёмиддини Ғозӣ, воизи маъруф дар солҳои навадум, шикоят доранд, ки мақомот баъди эълони ҳукми Додгоҳи олӣ иҷозаи мулоқот бо ин руҳонии зиндониро надоданд.

Саид Қиёмиддини Ғозӣ моҳи ноябри соли гузашта боздошт ва моҳи майи имсол бо се ҷурм, аз ҷумла хиёнат ба давлат, ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.

Хонаводаи ин руҳонӣ иддао доранд, ки ӯ баъди интиқол ёфтан аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба СИЗО-и Вазорати адлия дар оғози моҳи июн дучори кома шудааст. Иддаое, ки мақомоти зиндон тасдиқ ё рад намекунанд.

Бибимаъмура Қосимова ва Раҷабгул Мусулмонова, модару ҳамсари Саидқиёмиддини Ғозӣ гуфтанд, феълан ӯ дар бемористони назди зиндони "Кирпичний"-и шаҳри Ваҳдат бистарист.

Мақомоти расмӣ хабари бемории Саид Қиёмиддини Ғозиро шарҳ намедиҳанд. Илҳом Маҳмудов, муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия гуфт, "дар боздоштгоҳ ҳамаи онҳое, ки ба сар мебаранд, хоҳ Қиёмиддини Ғозӣ аст ё нафари дигар, таҳти муроқибат ҳастанд. Вазъи тандурустии онҳо таҳти назорати ҷиддӣ аст. Ҷои нигаронӣ нест".

Ҳамсари Саид Қиёмиддини Ғозӣ мегӯяд, руҳонии 66-сола бемории дилу қанд ва фишори хун дошт ва аз ин сабаб аз вазъи саломати ӯ дар ташвишанд. Вай бо такя ба қавли пизишкон гуфт, шавҳараш дар боздоштгоҳ бар асари фишори баланд аз ҳуш рафтааст.

Родные Саида Киёмиддини Гози обеспокоены состоянием его здоровья
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:18 0:00

Додгоҳи олии Тоҷикистон Саид Қиёмиддини Ғозӣ (Қиёмиддин Ғозиев), рӯҳонии шинохта ва воизи маъруф дар аввали солҳои 90-умро бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ – "барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва динӣ", "хиёнат ба давлат" ва "даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ" муҷрим шинохтааст. Ҳанӯз маълум нест, Саид Қиёмиддини Ғозӣ дар мурофиаҳои додгоҳӣ ба ин иттиҳомот эътироф кардааст ё не.

XS
SM
MD
LG