Ссылки доступа

Қодиров ба суруди ҳаҷвнигор Слепаков бо шеър посух дод


Раисҷумҳури Чеченистон Рамзан Қодиров ба суруди ҳаҷвнигор Семён Слепаков, ки дар он ба Қодиров пешниҳод мекунад, мураббии тими мунтахаби футболи Русия шавад, бо шеър ҷавоб дод.

Суруди "Олé-Олé-Олé!"-и Слепаковро дар ду рӯз беш аз 3,5 миллион одам тамошо карданд. Ӯ дар ин суруд аз бозии футболбозони рус, ки ҳатто наметавонанд Қодировро мағлуб созанд, шикоят мекунад.

Раисҷумҳури Чеченистон аз Слепаков нахост, ки узр пурсад. Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм навишт, ки "бо шунидани суруд аз таҳти дил хандид". Қодиров Слепаковро ба шаҳри Грозний ба меҳмонӣ хоста, шеъри ҷавобиеро нашр кард.

XS
SM
MD
LG