Ссылки доступа

ИМА: "Бастани DHL, UPS, TNT дахолат ба кори бозори муросилот аст" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Озодӣ аз 2-уми июли соли 2018. (видео)

- Магар зани танҳо будан гуноҳ аст? Сарнавишти ин зани танҳо достони филми кӯтоҳи “Вақте ки зан бошӣ” аст, ки онро коргардони ҷавони тоҷик Мурод Тӯйчиев офаридааст. Дар ин филм, ӯ сарнавишти талху озору азият ва нигоҳҳои таҳқиромези ҷомеа ба занҳои танҳомондаро ба тасвир кашидааст (видео)

- "Аввал ба духтари хушрӯ занг мезанам, баъд..." (видео)

- Мавсими истироҳат фаро расид. Ба Анталия равем ё Шоҳамбарӣ. Ширкати ҳавоии "Сомон Эйр" нахустин парвози чартерӣ аз Душанбе ба минтақаи тафреҳии Анталияи Туркияро оғоз кард, ки шароити истироҳат дар ин кишварро фароҳам месозад (видео)

- Сафорати ИМА: "Баста шудани DHL, UPS ва TNT дахолат ба кори бозори муросилот аст" (видео)

- "Футболи арӯсон дар Ҷоми ҷаҳон". Онҳо 30 дақиқа барои дастагуле дар шакли Ҷоми ҷаҳон сабқат карданд. (видео)

- Вазири Олмон бинобар ихтилоф бо Меркел мехоҳад истеъфо диҳад. (видео)

- "Путин ба нафақа равад, вале синни нафақа боло нашавад!" Рӯзи якуми июл дар 40 шаҳри Русия мардуми зиёде ба кӯчаҳо баромаданд. Сабаби раҳпаймоии онҳо эътироз ба ислоҳоти низоми нафақа буд, ки ҳадаф аз он то 5 сол боло бурдани синни бознишастагӣ дар ин кишвар аст. (видео)

- Чи гуна кӯдакони партофташудаи муҳоҷиронро аз Русия ба Қирғизистон бармегардонанд. (видео аз Директ)

- Осиё: рӯзи думбура. Дар Қазоқистон қурбониён кормандони пулисро ба додгоҳ кашиданианд. Кормандони маркази тавонбахшии Бишкек ба шаҳру ноҳияҳои Русия рафта, кӯдакони партофташудаи муҳоҷиронро ба ватан бармегардонанд. Дар Қазоқистон бори нахуст рӯзи думбураро таҷлил карданд. (видео аз Директ)

- Вакили дифоъ нигарон аст, ки моддаи парвандаи Тунгишбоев тағйир меёбад. Вакили дифои фаъол ва блогери қазоқ Муродбек Тунгишбоев, ки аз Бишкек ба Алмато истирдод шуд, бо шахси зери ҳимояи худ мулоқот кард. (видео)

- Дар сурати ҳуҷуми Русия ба Балтик, чӣ метавонад монеи пешгирии НАТО аз амалҳои Кремл шавад? (видеои Настоящее время)

- Расонаҳои Русия ва ИМА ба саммити Путину Трамп омода мешаванд (видеои Настоящее время)

- Мушкилиҳои боғи ҳайвоноти Душанбе. (видео аз Директ)​

- Роҳҳои Шветсия дар ҳоли ҳозир, амнтарин дар Иттиҳоди Аврупоянд. Чи гуна шумори маргу мирро то ду баробар поин бурданд? (видеои Настоящее время)​

- Беҳтарин аксҳои ҳафта аз Қрим. (нигористон)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG