Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон "домодҳои хориҷӣ"-ро $50 000 маҳр бастанианд


Шоираи тоҷик Адибаи Азиз пешниҳод дорад, дар Тоҷикистон қонуне қабул карда шавад, ки ба мардони хориҷӣ барои издивоҷ бо духтарони тоҷик 50 ҳазор доллари ИМА маҳри расмӣ муқаррар кунад.

Ин пешниҳод баҳси гармеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Ба гуфтаи шоираи тоҷик, нисфи ин 50 ҳазор доллар бояд ба худи духтару боқӣ ба панҷ қисми баробар тақсим ва ба волидон, буҷаи давлат, маъюбон, ятимону солхӯрдаҳо дода шавад.

Пешниҳоди Адибаи Азизро бештари корбарон, аз ҷумла занон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Онҳо мегӯянд, қабули ин гуна қонун қадру қимати занон ва духтарони тоҷикро боло хоҳад бурд. Бархеҳо таҷрибаи Туркманистонро намуна оварданд, ки ба гуфтаи онҳо, дар сурати бад шудани муносибатҳои зану шавҳар аз ҳуқуқи бонувон ва кӯдакон ҳимоят мекунад.

Вале бархе аз корбарони дигар зидди қабули қонуни мазкур баромада, мегӯянд, он “ҳуқуқи занонро нақз карда, онҳоро ба мол табдил медиҳад”. Як гуруҳ пешниҳод карданд, ки дар робита ба мардони тоҷик низ ин гуна қонун қабул шавад, то занҳои худро таҳқир накунанд.

Порлумони Тоҷикистон соли 2011 бо тағйири Кодекси оила шаҳрвандони хориҷиро вазифадор кард, ки ҳангоми издивоҷ бо занони тоҷик қарордод имзо карда, онҳоро бо хона таъмин кунанд. Дар натиҷа шумори издивоҷи шаҳрвандони кишвар бо хориҷиҳо даҳ баробар коҳиш ёфт.

XS
SM
MD
LG