Ссылки доступа

Дар Остона тадбирҳои амниятӣ шадид шуд


Дар остонаи таҷлил аз 20-солагии пойтахти Қазоқистон, шаҳри Остона, пулис чораҳои амниятиро дар ин шаҳр тақвият мебахшад. Дар ин бора дар сомонаи расмии ҳокими Остона иттилоъ дода шудааст.

Дар доираи таҷлил аз ҷашни 20-солагии Остона дар ин шаҳр то рӯзи 8 июл баргузории бештар аз 75 чорабинӣ дар назар аст. Ба ин далел, бештар аз 3,5 ҳазор пулис ва афсарони Горди миллӣ дар ҳолати омодабош фаъолият мекунанд.

Ба ҷуз ин, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳо дастёрони иҷтимоӣ ба пулис ёрӣ мерасонанд.

XS
SM
MD
LG