Ссылки доступа

Зарбаҳои ҳавоии Русия дар ҷанубу ғарби Сурия аз сар гирифта шуданд


Дар ҷануби ғарби Сурия рӯзи чоршанбе, баъд аз он ки гуфтугӯҳо барои зери назорати давлат қарор гирифтани ин минтақаҳо натиҷа надоданд, зарбаҳои ҳавоии Русия аз сар гирифта шуд.

Шаҳри Тафас, ки дар шимолу ғарби шаҳри Даръо ҷойгир аст, мавриди ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифтааст. Дар ин бора Гуруҳи нозирони ҳуқуқи инсони Сурия иттилоъ дод.

Президенти Сурия Башор Асад бо дастгирии нирӯҳои ҳавоии Русия талош дорад, мавзеъҳои шӯришгаронро дар ҷанубу ғарби кишвараш бозпас гирад. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, шаби чоршанбе шаҳри Сайда низ бомбаборон шудааст.

Шӯришгарон аз рӯзи шанбе ба ин сӯ бо Русия дар робита ба қатъи амалиёти ҷангӣ гуфтугӯ доштанд ва шарти асосӣ ин буд, ки бояд он минтақаҳо ба ҳукумати Асад бозпас дода мешуданд. Вале ҷонибҳо натавонистанд ба созиш бирасанд.

Намояндаи ҷиноҳҳои асосии Артиши озоди Сурия, ки гуфтугӯҳо бо ҷониби Русияро пеш мебурд, ба хабаргузории Reuters гуфт, "музокирот бенатиҷа ба поён расид, чун ҷониби Русия таслими техникаҳои вазнини ҳарбиро талаб кард". Як намояндаи дигари шӯришгарон гуфт, гуфтугӯҳо барои он натиҷа надоданд, ки ҷониби Русия хост, ҳамаи силоҳҳо дар як вақт таслим карда шаванд. Вале мухолифони Сурия гуфтаанд, ки силоҳҳоро давра ба давра таслим мекунанд.

Намояндагони шӯришгарон рӯзи шанбе пас аз даври якуми гуфтугӯ ба нишони эътироз мулоқотро тарк карданд. Вале ба иттилои манобеи расмӣ, ҷониби Урдун тавонист, онҳоро розӣ кунонад, ки бозгарданд. Вазири умури дохилии Урдун Айман Сафадӣ бо ҳамтои русаш Сергей Лавров дар шаҳри Москва гуфтугӯ карда, изҳор дошт, ки агар низоми оташбас эълом нашавад, дар ҷануби Сурия фоҷеаи инсонӣ рух хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG