Ссылки доступа

Шӯрои уламо: баҳси бакорат ғайриахлоқӣ аст (гулчин)

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Навори сайёҳони хориҷӣ қабл аз ҳамлаи маргбори 29-уми июл. Ин навор 28-уми июл дар Кӯлоб таҳия шудааст. Ҳангоми ҳаракат ба самти Душанбе 4 нафари онҳо кушта ва 3 каси дигарашон захмӣ шуданд (видео)

- Ҳамза Тиллозода соҳиби паспорт шуд. Набераи 4-солаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ки аз бемории саратон ранҷ мебарад, шиносномаи хориҷиашро дастрас кардааст (видео)

- Шӯрои уламо: баҳси бакорат ғайриахлоқӣ аст. Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ҳодисаҳои зиёди ташхиси бакорат дар кишвар изҳори нигаронӣ карда, ҳушдор дод, ки бо ин баҳона набояд шаъну шарафи занон поймол шавад (видео)

- Фоҷеаи cайёҳон. Қурбониёни ин ҳодиса киҳо буданд? Чаҳор гардишгари хориҷӣ, ки дар ҷануби Тоҷикистон ба таври ваҳшиёна бо мошин ба онҳо ҳамла шуд ва кушта шуданд, як равоншинос аз Ҳолланд, 2 дучархасавор аз Амрико ва як мард аз Швейстария мебошанд (видео)

- Низомиёни 13 кишвар дар тамрини низомии Гурҷистон ширкат доранд. 1-уми август дар пойгоҳи Вазиании канори пойтахти Гурҷистон тамрини низомӣ бо ширкати артиши 13 кишвар ва аз ҷумла Гурҷистон, ИМА ва дигар кишварҳо оғоз ёфт. (видео)

- Осиё: Сайрагул Сауитбой дар озодӣ. Зани қазоқ, шаҳрванди Чин Сайрагул Сауитбойро аз толори додгоҳ озод карданд. Ӯ дар убури ғайриқонунии марз айбдор мешуд. Дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ се рӯзноманигори русро куштанд. Қитъаҳои замини муҳоҷирони қирғиз, ки дар Русия қонунӣ харидорӣ шудаанд, мусодира мешаванд. (видео).

- «Дар бораи он фикр дорем, ки бархурди манфиатҳо нашавад». Номзад ба мақоми шаҳрдории Бишкек Азиз Суракматов ба суоли рӯзноманигорон дар робита ба ширкати бинокори "Елизавета" посух гуфт. Вай иқрор кард, ки ин ширкат ба ӯ тааллуқ дорад ва онро падараш таъсис додааст. (видео)

- Қитъаҳои замини муҳоҷирони қирғиз дар Русия, ки қонунӣ харидорӣ шудаанд, мусодира мешаванд. (видео аз Директ)

- Сармуҳаррири "Маркази идораи таҳқиқотҳо" дар бораи сабабҳои эҳтимолии қатли рӯзноманигорони рус. (видеои Настоящее время)

- Муҳоҷир: «Ман то охир меравам... Ин корро то охир мерасонам». Муҳоҷири ӯзбек тасмим гирифтааст, миллатгарои русеро, ки ӯро захмӣ кард, ба ҷавобгарӣ кашонад. (видео)​

- ВКД Тоҷикистон дар куштори сайёҳон ҲНИТ-ро айбдор кард. (видео аз Директ)

- Дар Ҷумҳурии Африқои Марказӣ чи мегузарад ва чаро русҳо дар он низоъ иштирок доранд? (видеои Настоящее время)

- Тундгароён куҷо шуданд? "Давлати исломӣ" дигар вуҷуд надорад, гуфт ахиран муовини президенти ИМА Майк Пенс (видео)

- Ончи дар бораи рӯзноманигорони кушташудаи рус дар Африқо маълум аст. (видео аз Директ)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG