Ссылки доступа

HRW: Тоҷикистон бояд ба сафари духтари Шабнам Худойдодова иҷозат диҳад


Созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Human Rights Watch бо пахши изҳороте аз мақомоти Тоҷикистон тақозо кард, ки бигузорад, то духтари 10-солаи фаъоли сиёсӣ Шабнам Худойдодова ба назди модараш ба Аврупо биравад.

Духтари 10-солаи Шабнам Худойдодова – Фотима Давлатова, модараш Гулиҷамиламо Худойдодова ва бародараш Комрон Худойдодов 4 август мехостанд, Тоҷикистонро тарк кунанд, вале аз ҳавопаймо поин оварда шуданд.

“Ҳукумати Тоҷикистон бояд билофосила манъи сафар ба хешовандони фаъоли сиёсӣ Шабнам Худойдодоваро бекор кунад, ки ин тасмим дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошад”, - гуфт раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони HRW Ҳю Уиллямсон 7 август.

Ӯ мегӯяд, хешовандони фаъоли сиёсӣ бояд ҳақ дошта бошанд, ки бидуни тарс тарки кишвар кунанд. Ин даъватро инчунин гурӯҳи созмонҳои дигари ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Amnesty International, Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Freedom Now, Бунёди Global Advocates, Бунёди Human Rights Vision ва Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ имзо кардаанд.

Тарзи бархӯрди Тоҷикистон бо духтари хурдсол ва хонаводааш танҳо барои фаъолиятҳои сиёсии модар шармовар ва нобахшиданӣ аст”, мегӯяд Бйорн Энгсланд, дабири кулли Кумитаи норвежии Ҳелсинки. “Мақомот бояд билофосила чунин амалҳои худро хотима диҳанд”, - изҳор дошт вай.

XS
SM
MD
LG