Ссылки доступа

Politico: Путин ба Трамп пешниҳоди халъи силоҳро расонид


Владимир Путин, президенти Русия дар мулоқот бо ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп дар Ҳелсинкӣ рӯзи 16 июл дар бахши назорати силоҳсозӣ пешниҳоде ироа кард.

Вай ҳамчунин дар бораи баргузории гуфтугӯҳои маҳдудсоҳии силоҳи ҳастаӣ ва манъи ҷойгирсозии силоҳ дар кайҳон пешниҳоде ироа кард.

Дар ин бора сомонаи Politico дар такя ба ҳуҷҷати Русия "Гуфтугӯ дар мавриди масъалаи назорати силоҳсозӣ" хабар медиҳад, ки маҳз дар ин ҳуҷҷат пешниҳодҳои мазкур зикр шудааст.

Русия дар ин ҳуҷҷат тазаккур додааст, ки ба Созишнома дар бораи мушакҳои миёнапарвозу кутоҳпарвоз содиқ хоҳад монд. Дар ҳуҷҷат ҳамчунин зикр шудааст, ки дар бораи кайҳон бояд созишномаи нав қабул шавад ва ба ҳар ду кишвар ҷойгирсозии силоҳро дар мадори Замин манъ кунад, менависад Politico.

Баъди гуфтугӯи Ҳелсинкӣ Конгресси ИМА аз Доналд Трамп хост, ки мавзуҳои суҳбаташро бо Путин шарҳ диҳад. Трамп гуфт, бо Путин халъи силоҳи ҳастаии Куриёи Шимолӣ, буҳрони Сурия, мубориза зидди терроризмро баррасӣ кардааст, аммо аз шарҳи ҷузъиёти гуфтугӯяш худдорӣ кард. Ҷониби Русия мегӯяд, дар мулоқоти Ҳелсинкӣ Путин ба Трамп дар мавриди низоъи Украина пешниҳоди мушаххасе ироа кардааст.

XS
SM
MD
LG