Ссылки доступа

Бишкек аз Русия ва Белорус троллейбус харид


Шаҳрдории Бишкек, пойтахти Қирғизистон 37 троллейбуси истеҳсоли Белорус ва Русия харид.

Ба огаҳии шаҳрдорӣ, 15 троллейбус аз ширкати "Белкоммунмаш"-и Белорус ва 22 троллейбуси дигар аз корхонаи русии "Тролза Маркет" харидорӣ шудааст.

Нақлиётҳои ҷамъиятии мазкур дар доираи тарҳи "Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Бишкек" бо сармоягузории Бонки аврупоии бозсозӣ ва рушд харидорӣ шуданд.

Шаҳрдорӣ мегӯяд, ба далели ҷараён доштани таъмири роҳҳо, дар ҳоли ҳозир, ҳаракати 70%-и нақлиётҳои нав боз дошта шудааст.

Шаҳрдори нави Бишкек Азиз Суракматов ваъда дод, ки барои пойтахти Қирғизистон 800 автобус ва 400 троллейбус хоҳанд харид.

XS
SM
MD
LG