Ба огаҳии Вазорати умури хориҷии Афғонистон, ҳайати ин кишвар дар ҷараёни сафари худ гуфтугӯҳои дуҷонибаеро ҳам анҷом хоҳад дод.
Иттиҳоди Аврупо ҳафтаи гузашта аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, барои барқарории сулҳ дар Афғонистон мусоидат кунанд. Тайи як ҳафтаи ахир танҳо дар шаҳри Кобул чанд ҳамлаи террористӣ анҷом шудааст.
Ба иттилои Associated Press, 25 ноябр дар натиҷаи ҳамлаи Толибон ба корвони мошинҳои пулиси Афғонистон дар вилояти Фароҳ дасти кам 20 корманди ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар кушта шуданд.