Ссылки доступа

Украина дар вилоятҳои ҳаммарз бо Русия ҳолати низомӣ эълом кард (видео)


Порлумони Украина дар даҳ вилояти ин кишвар, ки бо Русия ва минтақаи ҷудоихоҳи Молдова -- Приднестров ҳаммарзанд, аз 28 ноябр ба муҳлати 30 рӯз ҳолати низомӣ эълом кард.

Президенти Украина Петр Порошенко фармони худро тағйир дода, муҳлати ҳолати низомиро аз 60 ба 30 рӯз кам кард. Дар шарҳи ин тасмим гуфт, намехоҳад, ҳолати низомӣ бо оғози маъракаҳои интихоботӣ рост ояд.

Порлумони Украина шаби 26 ноябр санаи интихоботи навбатии президентии кишварашро 31 марти соли 2019 муайян кард.

Порошенко ба Ситоди кулли Украина дастур дод, ки нақшаи сафарбаркунӣ, аз ҷумла даъвати афсарони эҳтиётиро таҳия ва размоиш баргузор кунад. Низомиён ҳамчунин амр гирифтанд, ки дифои ҳавоиро ташкил кунанд.

Иллюстрация: карта областей, где введено военное положение
Иллюстрация: карта областей, где введено военное положение

Низомиёни Украина 25 ноябр хабар доданд, ки киштиҳои кишварашон дар тангнои Керч бо истифода аз силоҳ ғасб шуда, шаш маллоҳ захмӣ гаштаанд. Хадамоти амнияти Русия ё худ ФСБ мегӯяд, низомиёни ин кишвар ба самти киштиҳои зиреҳпӯши низомии "Бердянск" ва "Никопол" оташ кушоданд. Хабарҳое нашр шуданд, ки Русия киштиҳо ва низомиёни Украинаро баргардониданӣ нест.

Идораи амнияти Қрим гуфт, се киштии низомии Украина 25 ноябр "ғайриқонунӣ" марзи Русияро убур карда, дар роҳ ба тангнои Керч амалҳои хатарноке анҷом доданд. ФСБ Русия истифодаи силоҳ зидди киштиҳои Украинаро тасдиқ кард ва хабар дод, ки се маллоҳи украин захмӣ шуданд.

Захват украинских кораблей у берегов Крыма. Как это было (видео)
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:03 0:00

Порошенко аз Русия талаб кард, ки фавран маллоҳон ва киштиҳои Украинаро озод кунад.

Боздошт шудани се киштии Украина дар тангнои Керчро аз тарафи Русия як қатор кишварҳои аврупоӣ ва ИМА танқид карданд. Дар НАТО гуфтанд, ки вазъ тангноро бодиққат пайгирӣ доранд.

Порошенко требует немедленно освободить украинских военных и корабли (видео)
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:00:53 0:00

XS
SM
MD
LG