Ссылки доступа

"Дискоклуб дар бинои ҳукумат" боис шуд, як духтар аз ошёнаи савум сарозер гардад


Як хонандаи 13-сола 23 ноябр дар ҳавлии ҳукумати ноҳияи Хоҷаободи вилояти Андиҷони Ӯзбекистон дар ҳолати вазнин пайдо шуд.

Ба гуфтаи шоҳидон, духтар аз ошёнаи севуми бино худро ба поён афкандааст. Гуфта мешавад, дар ин бино бо ширкати писари яке аз мансабдорони давлатӣ "шабнишинӣ" мегузашт.

"Се мард хонандагони синфи 7-ро ба бино бурданд ва онҷо шабнишинӣ барпо карданд. Яке аз ин духтарон худро аз табақаи севум ба поён партофт. Духтар ӯрён буд. Ӯро дар бемористон бистарӣ карданд", - гуфт як шоҳид.

"Димоғаш шикаста ва чанд ҷароҳати дигар дорад. Ин духтар табобати тӯлониро пушти сар хоҳад кард", - гуфтанд дар беморхона.

Як корманди ҳукумати ноҳияи Хоҷаобод ҳодисаро муфассал нақл кард. Ба гуфтаи вай, мардони ҷавон бо се духтари ноболиғ шабнишинӣ барпо карданд. "Посбони бино садои баланди мусиқиро шунида ба назди ҷавонон мебарояд. Духтар милисаро дида, худро аз равзана ба поён партофтааст", - гуфт корманди ҳукумат.

XS
SM
MD
LG