Ссылки доступа

Наздикони муҳоҷири ҳалокшудаи тоҷик: "Сару даҳанаш сиёҳ буд"


Ҷасади Илҳомиддин Шоев, муҳоҷири тоҷикро, ки дар идораи пулиси Вешнякии шаҳри Москва ҷон дод, субҳи 27-уми ноябр ба зодгоҳаш ноҳияи Рӯдакӣ оварда ва дар онҷо дафн карданд.

Мақомоти Русия иддао доранд, ки ӯ бар асари бемории қалб даргузашт. Хонаводааш мегӯянд, ҳангоми шустани ҷасад дар бадани ӯ осори зарбу латро мушоҳида кардаанд.

"Онҳо шарҳ надоданд. Гуфтанд, дилаш задааст. Аммо он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Сару даҳанаш сиёҳ аст", - гуфт Шарофиддин Шоев, падари Илҳомиддин 27 ноябр.

Ба гуфтаи Абдураҳим Самадов, сокини шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ, "захмҳо дар рӯ, пушти сар, дастон, тарафи дил ва дар кафи пойҳои Илҳомиддин дида мешуданд".

Падари Илҳомиддин гуфт, бори охир бо писараш рӯзи 21-уми ноябр сӯҳбат дошт. Аз Илҳомиддин чаҳор фарзанди ноболиғ боқӣ мондааст, ки аз ҳама бузурги онҳо 14-сола аст. Наздиконаш мегӯянд, Илҳомиддин Шоев то замони ба муҳоҷират рафтан дар Тоҷикистон мусофиркашӣ мекард.

Шарофиддин Шоев гуфт, "се сол боз ба Русия рафта меомад. Зиндагиш вазнин буд. Ба Русия ба коркунӣ мерафт. Ҳамин шабу рӯз омаданӣ буд, аммо насиб накард. Бародараш рафта, ҷои зисташро дид, сумкаву ҷомадонҳояш баста буд".

Пулиси Москва қаблан гуфт, ки Илҳомиддин Шоев, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон дар идораи пулиси Вешнякии ин шаҳр "аз бемории дил" ҷон дод. Ҳодиса рӯзи 21-уми ноябр, дар ҳоле рух додааст, ки нерӯи вижаи СОБР 18 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карда ва ба идораи пулис оварда буд. Полис гуфт, ки Шоев дар роҳзанӣ гумонбар мешуд. Чизе, ки наздикони ӯ комилан рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG