Пештар хабар дода шуд, марзбонони Украина ба 47 шаҳрванди Русия, ки аз Минск ба Киев парвоз карда буданд, иҷозати ворид шуданро надоданд. Онҳоро дубора ба Минск баргардонданд.
Раиси вилояти Херсони Украина Андрей Гордеев гуфт, аз 27 ноябр вуруди шаҳрвандони Русия ба ин вилоят ба далели ишғоли нимҷазираи Қрим маҳдуд карда шудааст.
Марзбонони Украина мегӯянд, маҳдудияти вуруди шаҳрвандони Русия ба эъломи ҳолати низомӣ дар он кишвар рабт надорад. Ба гуфтаи онҳо, шаҳрвандони Русия натавонистаанд, ҳадафи сафарашонро тасдиқ созанд.
Порлумони Украина бо дархости президент Петр Порошенко қонуни эъломи 30 рӯзи ҳолати низомиро дар вилоятҳои ҳаммарз бо Русия қабул кард, ки ба гуфтаи раиси порлумон Андрей Парубий, аз 28 ноябр ба иҷро хоҳад даромад. Вале дар сомонаи Шӯрои амнияти миллии Украина омадааст, ки ҳолати низомӣ аз 26 ноябр ба иҷро медарояд.
Порошенко эъломи ҳолати низомиро дар минтақаҳои ҳаммарз бо Русия пас аз он дархост кард, ки Москва маллоҳон ва киштиҳои низомии Киевро дар баҳри Сиёҳ боздошт кард.