Аз ҳама маоши баланд футболбозони лигаи олии Англия мегиранд. Ҳаҷми маоши миёнаи солонаи онҳо 3,93 миллион доллар аст.
Ба сегонаи аз ҳама маоши баланддор лигаи Испания (2,89 миллион доллар) ва Силсилаи А-и Италия (1,99 миллион доллар) низ шомиланд. Лигаи олии Қазоқистон дар ин раддабандӣ мақоми 25-умро ишғол кардааст, ки ҳар як бозигари он солона ба ҳисоби миёна 148 ҳазор доллар маош мегирад.
Бинобар ин, нишондиҳандаҳои чемпионати Қазоқистон аз нишондодҳои Куриёи Ҷанубӣ, Лаҳистон, Австралия ва Хорватия баландтар аст. Ӯзбекистон шомили раддабандии мазкур нашудааст.
10 кишваре, ки бозигарони лигаҳои олияшон аз ҳама маоши баланд мегиранд:
Англия – $3,93 млн;
Испания – $2,89 млн;
Италия – $1,99 млн;
Олмон – $1,83 млн;
Фаронса – $1,3 млн;
Чин – $1,05 млн;
Русия – $877 ҳазор;
Туркия – $864 ҳазор;
Бразилия – $670 ҳазор;
Канада – $519 ҳазор.