Додситони ҳавзаи Шарқии Ню-Йорк зарари расонидаи онҳоро даҳҳо миллион доллар арзёбӣ кард.
Сергей Овсянников, Евгений Тимченко - шаҳрвандони Қазоқистон ва Александр Жуков - шаҳрванди Русия мутаносибан дар Малайзия, Эстония ва Булғористон боздошт шуданд. Онҳоро ба ИМА истирдод хоҳанд кард. Панҷ гумонбари дигар ҷустуҷӯ мешаванд.
Ба иттилои тафтишот, онҳо барои амалӣ кардани ҳадафҳояшон аз 31 интернет-домен ва 89 пойгоҳ ё сервери компютерӣ истифода кардаанд.