Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Украина хабар додааст. Дар хабар гуфта шудааст, ки шикояти Украина дар ҳоли ҳозир дар баррасист.
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Украина омадааст, ки Русия "таъқиби табъизомез"-и киштиҳои украиниву хориҷиро идома медиҳад, ки нияти убури тангнои Керчро доранд.
Марзбонони Русия 5 ноябр се киштии ҳарбии Украинаро ғасб карданд. 24 маллоҳ боздошт ва баъдтар додгоҳи Қрими ғасбшуда онҳоро то ду моҳ ба ҳабс гирифт. Мақомоти Русия маллоҳони Украинаро дар марзшиканӣ айбдор мекунанд.
Киев мақомоти Русияро дар фитнаангезӣ айбдор мекунад. Президенти Украина фармони ҷорӣ кардани ҳолати низомиро дар чанд минтақаи кишвараш имзо кард.