Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон ҳабси кормандони Оҷонсии муҳоҷирати хориҷӣ идома дорад


Боздошти роҳбарият ва кормандони Оҷонсии муҳоҷирати кории хориҷии Ӯзбекистон дар пайи порагирӣ фаъолияти ин оҷонсиро боздошт ва онро фалаҷ кард.

Бештар аз 3 ҳазор муҳоҷири Ӯзбекистон, ки талоши муҳоҷирати корӣ ба Куриёро доштанд, ҳамакнун аз ин сафар маҳрум шуданд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ӯзбекистон, 27 ноябр дар Оҷонсии муҳоҷирати хориҷии ин кишвар ҳабси масъулон идома кардааст.

"Имрӯз панҷ каси дигарро боздошт карданд. То кунун дақиқ нест, ки мақомоти Оҷонсии муҳоҷирати хориҷӣ аз 3 ҳазор шаҳрванд чи қадар маблағ гирифтаанд", - гуфт як манбаъ аз Тошканд.

Ба иттилои мақомоти Ӯзбекистон, дар натиҷаи созиши ҳосилшуда миёни Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ, Сеул ваъда дода буд, ки 5 ҳазор ӯзбекистониро бо кор таъмин мекунад.

XS
SM
MD
LG