Ошӯб дар зиндони шаҳри Хуҷанд шаби 7-уми ноябри имсол рух дод ва дар ҷараёни саркӯби он, ба гуфтаи мақомот, 21 маҳбус "безарар гардонда шуд". Дар ин ҳодиса ду маъмури зиндон кушта шуда, панҷ тани дигар бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ гардидаанд.
Як манбаъ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи 29-уми ноябр бо шарти фош нашудани номаш гуфт, зидди маҳбусон бар пояи бандҳои "Монеъ шудан ба фаъолияти муассисаҳои ислоҳӣ", "Куштор", "Расондани зарари вазнини ҷисмонӣ ба саломатӣ" ва "Зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳукумат" парванда боз шудааст.
"Ин маҳбусон, инчунин, аз рӯи моддаи 332-и Кодекси ҷиноӣ ё "кирдорҳое, ки кори ҷойҳои маҳрумият аз озодиро номураттаб месозад", посух хоҳанд гуфт", - афзуд манбаъ.
Ҳамсуҳбати мо дар мақомот гуфт, нисбат ба баъзе аз маҳбусон, ки то ба ҳол исми яке аз онҳо ба мо маълум аст ва аз ӯ Муҳаммад Юсуфов ном бурда мешавад, дар маҷмуъ бар асоси 11 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шудааст.
Қазияи ошӯб дар зиндони Хуҷандро феълан як гуруҳи тафтишотӣ аз Додситонии кулли Тоҷикистон пеш мебарад. Масъулони Додситонии кул то ҳол дар ин бора расман иттилоъ надодаанд. Теъдоди расмии муттаҳамон дар ин қазия низ маълум нест.
Аммо ҳамсуҳбати мо дар мақомоти интизомӣ мегӯяд, дар робита ба қазияи зиндони Хуҷанд ҳафт корманди маҳбас ва беш аз 10 маҳбус ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.