Ғолибонро доварони мустақили байналхалқӣ муайян карданд. Акси муаллифи венесуэлӣ Роналдо Шемида аз силсилаи аксҳои эътироз дар Каракас зидди президент Николас Мадуро, беҳтарин эътироф шуд. Ин аксро дар намоишгоҳи Алмато дидан мумкин аст.
Маҳсули кори муаллифони дигарро низ дар намоишгоҳ дидан имкон дорад. Доварон бештар аз 73 ҳазор аксро баррасӣ ва наздики чаҳор ҳазори онро интихоб карданд.
Намоишгоҳи World Press Photo-2018 дар Алмато ба Рӯзи байналхалқии ҳуқуқи инсон бахшида шудааст, ки ҳамасола 10 декабр таҷлил мешавад. Намоишгоҳ то 13 декабр амал мекунад ва баъдан ба шаҳри Чимкенти Қазоқистон кӯчонида мешавад.
World Press Photo соли 1955 бори аввал баргузор шуд. Дар солҳои мухталиф, аз ҷумла дар даврони Шӯравӣ аккосони қазоқистонӣ ҳам дар ин озмун ширкат кардаанд.