Қасри Елисей 2 декабр, баъди як ҷаласаи раҳбарияти кишвар бо нашри изҳороте гуфт, ҳукумат пас аз эътирози хушунатомези "нимтанаҳои зард" бояд бо намояндагони тазоҳургарон гуфтугӯ кунад.
Ба иттилои France 24, дар ҷаласа сарвазир Эдуар Филипп ва вазири умури дохилии Фаронса Кристоф Кастанер иштирок доштанд.
Макрон ба сарвазир дастур дод, ки намояндагони "нимтанаҳои зард"-ро ба ҳузур пазирад. Интизор меравад, гуфтугӯ 3 декабр оғоз шавад.
Пулиси Фаронса хабар дод, ки 1 декабр дар натиҷаи задухӯрди иштирокдорони эътирозҳо зидди болоравии андози сӯзишворӣ (онҳоро "нимтанаҳои зард" ҳам меноманд) бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ 412 нафар боздошт ва 133 тани дигар, аз ҷумла 23 корманди пулис захмӣ шуданд.
Пештар хабар дода шуд, ки мақомоти Фаронса тамоми гузинаҳоро барои саркӯбӣ эътирозгарон, аз ҷумла эъломи вазъияти изтирориро баррасӣ доранд.
Столкновения в Париже: более 100 человек травмированы (фоторепортаж)
На следующий день (2 декабря) в городе были разбиты стекла в местных магазинах, сожжены автомобили. Более 100 человек пострадали, в том числе и правоохранители.
Президент Франции Эммануэль Макрон запланировал на 2 декабря внеочередное собрание с премьер-министром и министром внутренних дел Франции, чтобы обсудить ситуацию. Во время саммита «Группы двадцати» в Аргентине Макрон подчеркнул, что всегда будет слышать оппозицию, но никогда не примет насилие.
Демонстрации против повышения налога продолжаются по всей Франции уже несколько недель
Эътирозҳо зидди болоравии андози сӯзишворӣ дар саросари Фаронса чанд ҳафта мешавад, идома доранд.
Мақомот мегӯянд, шумори эътирозгарон коҳиш меёбад, вале ҳафтаи гузашта эътирозҳои Порис ба бетартибӣ анҷомид. Дар натиҷа беш аз 100 кас дастгир шуданд.