Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон сар аз 1 январ "визаи хуруҷӣ" бекор мешавад


Дар Ӯзбекистон сар аз 1 январи соли 2019 "визаи хуруҷӣ"-ро бекор мекунанд. Расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба вазорати корҳои дохилии он кишвар навиштанд, ки дар Ӯзбекистон шуруъ аз соли нав шиносномаҳои хориҷии 10-сола нашр мешавад.

"Визаи хуруҷӣ" дар шиносномаи дохилии шаҳрвандони Ӯзбекистон гузошта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир ин ҳуҷҷат ҳам шиносномаи дохилӣ ва ҳам хориҷӣ эътироф мешавад. Визаи хуруҷӣ, барои берун рафтан аз кишвар, ба муҳлати ду сол дода мешавад. ​

Шиносномаҳои биометрие, ки соли 2011 ба муомила ворид шуданд, то соли 2021 амал мекунанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ борҳо таҷрибаи визаи хуруҷии Ӯзбекистонро танқид кардааст.

XS
SM
MD
LG