Табибон замоне ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, ки ду тан аз коргарон вафот карда буданд. Коргари севумӣ дар бемористон бистарӣ шуд. Вазъи вай муътадил арзёбӣ мешавад.
Ширкат сабабҳои беҳуш шудани коргаронашро шарҳ намедиҳад. Комисияи махсус сабабҳои беҳушшавии коргаронро меомӯзад.
Нақби Орлов, ки ба корхонаи "Востоксветмет" рабт дорад, дар ноҳияи Бородулихини вилояти Қазоқистони Шарқӣ ҷойгир аст. Аз нақби мазкур мис истехроҷ мешавад.