Ссылки доступа

Кумитаи ҳуқуқи Конгресси ИМА шоҳидии Ҷеймс Комиро мунтазир аст


Мудири пешини Бюрои федеролии пажуҳишии ИМА Ҷеймс Комӣ рӯзи якшанбе шикояти додгоҳиашро бозпас гирифт. Вай мехост, даъват ба Конгрессро тавассути додгоҳ бекор кунад.

Даъват ба Конгресс ӯро водор мекунад, ки дар бораи қарори ниҳодҳои масъули пажуҳиши марбут ба интихоботи соли 2016 шоҳидӣ диҳад.

Комӣ розӣ шуд, дар ҷаласаи пӯшидаи Конгресс шоҳидӣ диҳад. Ҷумҳурихоҳон ба Комӣ ваъда доданд, ки давоми 24 соати баъди суханрониаш сабти суҳбатҳоро ба ӯ дастрас хоҳанд кард. Ҳамзамон ба Комӣ иҷозат шудааст, ки "шоҳидиаш дар Конгрессро комилан ё қисман" оммавӣ кунад.

Комӣ ва ҷумҳурихоҳони Конгресс як рӯз пеш аз он ки вакилон мебоист, ба додгоҳ ҳозир шаванд, барои суханронӣ дар ҷаласаи пӯшидаи Конгресс розӣ шуданд. Дар ҷаласаи пӯшидаи Конгресс аз Комӣ дар бораи пажуҳиши Бюрои федеролӣ оиди истифодаи почтаи электронии шахсӣ аз сӯи Ҳилларӣ Клинтон дар ҷараёни фаъолиятҳои давлатиаш ва тавтиаи эҳтимолии Трамп бо Русия хоҳанд пурсид.

Демократҳо мегӯянд, ҷумҳурихоҳон талош доранд, ки пажуҳиши марбут ба дахолати эҳтимолии Русия ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016-ро ба ҳам зананд. Додситони махсус Роберт Мюллер ин пажуҳишро пеш мебарад. Президенти ИМА Доналд Трамп пажуҳиши мазкурро шикори ҷоду унвон мекунад.

Ҷеймс Комӣ моҳи майи соли 2017 аз мақоми мудирии Бюрои федеролӣ бо баҳонаи "бемасъулиятӣ ва нотавонӣ дар мақоми роҳбарӣ" барканор шуд.

XS
SM
MD
LG