Ба гуфтаи вай, манзил дар маркази ноҳияи Кочкор ҷойгир аст. Ҷекшенқулови хурдӣ гуфт, тасмим дар бораи ба ихтиёри давлат гузоштани манзил дар шӯрои хонаводагӣ гирифта шудааст. "Мо ба хулоса расидем, ки дар соли рушди минтақаҳо саҳм гузорем", - гуфт Ҷекшенқулови хурдӣ.
"Дар ҳоли ҳозир ҳуҷҷатгузорӣ идома дорад. Ба назари ман, ин каме вақт мегирад. Дар марҳилаи баъдӣ мумкин аст, дар қитъаи замини мавриди назар бинои нав сохта шавад", - гуфт вай.
Пештар аз ин Камчибек Жолдошбоев, вакили порлумони Қирғизистон ҳам чунин коре карда буд. Ибтидои моҳи ноябр хабар расид, ки вай манзилашро дар ноҳияи Норин барои сохтани мактаб додааст.