Ссылки доступа

Тавбаву зории гумонбарони туркман дар назди дурбин


Телевизиони давлатии Туркманистон 1 декабр бо нашри як гузориш баромади як гуруҳи мардонеро нашр кард, ки даст ба ҷиноят задани худро эътироф мекунанд. Ин гуруҳи мардон бо чашми ашколуд ваъда доданд, ки дигар ҳаргиз даст ба корҳои ношоям нахоҳанд зад.

Бино ба гузориш, афроди мазкур бо ҷурми хариду фурӯши маводи мухаддир ва долларҳои қалбакӣ боздошт шудаанд. Ҳамаи онҳое, ки бо ин гумон дастгир гаштаанд, ҷавононанд.

Яке аз онҳо Овезмурод Бекбердиеви 34-сола, падари панҷ фарзанд, изҳор дошт, ки маводи мамнуи трамадол истеъмол мекард ва Нурмурод Аширови 41-сола гуфт, ки мехост, маводи мазкурро фурӯшад.

Яке аз боздоштшудаҳои дигар – Ҳасанов, ки бо соҳибкорӣ машғул буд, гуфт, дар ҷараёни як сафари корияш ба хориҷ аз Туркманистон долларҳои қалбакиеро пайдо кардааст ва мехост онҳоро дар ватан фурӯшад.

Телевизиони давлатии Туркманистон бо истинод ба суханронии вазири умури дохилии ин кишвар Искандар Муликов дар ҷаласаи Шӯрои амнияти миллӣ хабар дод, ки ин шаҳрвандон ҳангоми содир кардани ҷиноят дастгир шуда, зиддашон тафтишот идома дорад.

XS
SM
MD
LG