Ссылки доступа

Дар бозоре дар Қазоқистон даҳҳо контейнер сӯхт


Дар вилояти Алматои Қазоқистон дар сӯхтори бозори "Ашибулак"-и ноҳияи Илий бештар аз 40 контейнер (анборҳои оҳанӣ) бо масолеҳи сохтмонӣ оташ гирифт.

Мақомоти зидди сӯхтори Қазоқистон дар бораи оташсӯзӣ субҳи 4 декабр иттилоъ гирифтанд. То соати 9:30 дақиқа оташ хомӯш шуд. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса касе кушта нашудааст. Барои мушаххас кардани сабабҳои оташсӯзӣ ташхис анҷом хоҳад шуд.

Ба иттилои маркази матбуотии кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон, дар шаҳри Актау низ анбори саноатӣ оташ гирифтааст. Оташ соати 6 субҳ хомӯш карда шуд. Сабабҳои оташсӯзӣ ҳанӯз дақиқ нашудааст.

XS
SM
MD
LG