Ссылки доступа

Дар Қирғизистон мумкин аст, сӯзишворӣ гарон шавад


Дар сурати ба имзо нарасидани созишномаи интиқоли маводи сӯхт аз Русия, қимати сӯзишворӣ дар Қирғизистон боло меравад.

Канат Эшатов, мудири иҷроияи Эътилофи тоҷирони нафт мегӯяд, ширкатдорони бозор нигаронанд. Ба гуфтаи вай, онҳо мебояд то 20 декабр бо корхонаҳои коркарди нафт қарордодҳояшонро тамдид кунанд.

Созишномаи воридоти сӯзишвориро бе пардохти боҷӣ гумрукӣ Кумитаи давлатии саноату энержӣ мебандад, аммо, ба гуфтаи Эшатов, масъули ин бахш барканор шуда, каси дигаре то кунун ҷойгузини вай таъйин накардаанд. "Аз ҷониби Русия ҳаҷми сӯзишворӣ муайян шудааст, танҳо бояд созишнома ба имзо расад", - гуфт Эшатов.

Бино бар таҷрибаи солҳои пешин, чунин созишнома то 1 октябри ҳар сол ба имзо мерасид.

Дар сурати ба имзо нарасидани созишнома, қимати маводи сӯхт дар Қирғизистон дар соли оянда боло хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG