Ссылки доступа

Фаъоли ҲНИТ Наимҷон Самиев пас аз боздошт дар Грозний бедарак шуд


Наздикону пайвандони Наимҷон Самиев, раҳбари пешини бахши Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар вилояти Суғд мегӯянд, бо гузашти чаҳор рӯз аз боздошти ӯ дар шаҳри Грознийи Чеченистон дар бораи макони нигаҳдориаш маълумот надоранд.

Созмони Human Rights Vision Foundation гуфт, Самиев рӯзи 4-уми декабр аз фурудгоҳи "Домодедово"-и шаҳри Москва ба Душанбе истирдод шуд. Вале мақомоти Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ ё рад намекунанд.

Аҳмадулло Самиев, писари Наимҷон Самиев рӯзи 4-уми декабр гуфт, пас аз боздошти падараш дар шаби 1-уми декабр ба шуъбаҳои умури дохилии Чеченистон муроҷиат карданд, вале ин ниҳод дар бораи боздошт ва макони нигаҳдории ӯ хабар надошт. Самиеви хурдӣ гуфт, падарашро дар яке аз гузаргоҳҳои шаҳри Грозний дастгир карда гӯё ба идораи пулиси Ставропол бурдаанд. Ба гуфтаи ӯ, Наимҷон Самиев, баъди хориҷ шудан аз Тоҷикистон ҳудуди 4 сол мешуд, дар ҷумҳуриҳои мусалмоннишини Қафқози Шимолӣ зиндагӣ мекард.

Манобеъ дар умури дохилии шаҳри Исфара, зодгоҳи Наимҷон Самиев, рӯзи 4-уми декабр гуфтанд, ки ӯ дар ҷустуҷӯ набуд.

Аммо писари Наимҷон Самиев афзуд, ки дар Исфара мақомот борҳо бо хешовандони онҳо, аз ҷумла бобои куҳансолаш суҳбат карда ва дар бораи падараш пурсидаанд. Дар як муроҷиати видеоӣ, ки падари Наимҷон Самиев ба унвони писараш ба Русия фиристодаааст, мегӯяд, “як бор ба Тоҷикистон баргард, баъд мебинӣ, баъд рафта омадан мегирӣ”. Пайвандони Самиев тахмин менамоянд, кибоздошт ва нопадид шудани ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, марбут ба фаъолиятҳои гузаштааш дар ҲНИТ аст.

Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро соли 2015, баъди ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифоъ, мамнӯъ карданд ва он бо дархости додситонӣ созмони террористӣ эълон шуд. Мақомот мегӯянд, ошӯби хунин бо роҳнамоии Ҳизби наҳзат сурат гирифтааст. Ин ҳизб иттиҳомро қотеона рад мекунад ва мегӯяд, ки таъқиби "наҳзатиҳо" ба хотири аз майдони сиёсӣ рондани онҳо анҷом шуд.

XS
SM
MD
LG