Ссылки доступа

Дар Ишқобод маҳви ҳайвонҳои бесоҳиб аз сар гирифта шуд (видео)


Ашхабад
Ашхабад

Дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон маъракаи "шикор" ё маҳви ҳайвонҳои бесоҳиб дубора аз сар гирифта шуд.

"Кормандони коммуналӣ дар маҳаллаҳои Сулҳ-1 ва Сулҳ-2 субҳи барвақт шикори ҳайвонҳоро оғоз мекунанд. Онҳо нахуст ҳайвонҳоро бо чӯб латтукӯб карда, сипас сарфи назар аз он ки зиндаанд ё мурда, ба халта бор мекунанд", - иттилоъ медиҳад хабарнигори мо.

Ба гуфтаи хабарнигор, тайи як ҳафтаи ахир маҳви ҳайвонҳои бесоҳиб дар пойтахти Туркманистон пурзӯр шудааст.

Бо маъракаи маҳви ҳайвонҳои бесоҳиб дар Ишқобод кормандони хадамоти коммуналии ноҳиявӣ ва шаҳрӣ машғуланд. Маъракаҳои ҳамсон одатан дар арафаи ҷашнҳои давлатӣ ва чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ пурзӯр мешавад.

Шаҳрдории Туркманистон ин мавзуъро шарҳ намедиҳад. Ба гуфтаи ҳомиёни маҳаллии ҳайвонҳо, сагу гурбаҳои боздоштшударо маҳв мекунанд.

"Не души щенка!": отлов бездомных животных в Ашхабаде
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:15 0:00

XS
SM
MD
LG