Ссылки доступа

Бунёди муҳитзистии сабз ба Қирғизистон 10 млн доллар медиҳад


Бунёди муҳитзистии сабз ба Қирғизистон 10 миллион доллар медиҳад. Дар ин бора мудири Оҷонсии давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Қирғизистон Абдикалик Рустамов хабар дод.

Ба гуфтаи вай, маблағҳои дарёфтшуда ба беҳсозии фаъолияти хадамоти ҳавосанҷӣ ва ғизои аҳолӣ сарф мешаванд. Барои амалисозии лоиҳаи мазкур вилоятҳои Бодканд, Ӯш ва Норин интихоб шудаанд.

Рустамов афзуд, ҳамчунин амалисозии лоиҳаи дигар дар назар аст. Лоиҳаи навбатӣ ба рушди зерсохтори низоми обёрӣ, мустаҳкамсозии соҳилҳои дарёҳо дар минтақаҳои аҳолинишин ва сохтани дарғотҳо барои ҳифзи аҳолӣ аз обхезиву сел равона мешавад. Барои амалишавии ин лоиҳа Қирғизистон 90 миллион доллар дарёфт мекунад.

XS
SM
MD
LG