Назорати пинҳонии нозирони роҳи Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон дар роҳҳо манъ карда шудааст. Қоидаи нав дар Дастурамали тартиби танзими муносибати нозирони роҳ бо ронандагон ва истифодаи дастгоҳҳои махсус зикр шудааст. Ин дастурамалро Девони вазирони Ӯзбекистон 1 декабр ба имзо расонд.
Дар санад омадааст, ки нозирони роҳ бояд вазифаи худро ошкоро, бо истифода аз дастгоҳҳои махсуси садоиву видеоӣ анҷом диҳанд. Маъмурон вазифадоранд, аз 1 июли соли 2019 бо худ дурбини ҳамроҳ гиранд.
Ҳамчунин нозирони роҳ ҳақ надоранд, барои қоидавайронкуние, ки хориҷ аз минтақаи зери назорати онҳо сурат гирифтааст, санад тартиб диҳанд.
Ронанда ҳақ дорад, бо санаде шинос шавад, ки нозири роҳ дар асоси он дар ҳамон минтақа қарор дорад.