Ссылки доступа

Додгоҳи Русия зани соҳибкорро барои марги 7 ӯзбекистонӣ 2 сол зиндонӣ кард


Дар Русия додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург соҳибкор Юлия Забуноваро, ки дар натиҷаи сӯхтори анбори ӯ дар минтақаи Колпино 7 муҳоҷири ӯзбек ҷон бохтанд, 2 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Сухангӯи додгоҳи Петербург Даря Лебедева тасдиқ кард, ки муассис ва мудири кулли ширкати «Эверест» Юлия Забунова дар марги ҳафт шаҳрванди Ӯзбекистон айбдор эълом ва 2 сол зиндонӣ шуд. Ҳамчунин ӯ ба муҳлати ду сол ҳаққи ишғоли вазифаи муайянеро надорад.

Ба гуфтаи Лебедева, зан дар додгоҳ ҳангоми ироаи сухани охирин гуфтааст, ки худро гунаҳкор намеҳисобад ва танҳо мебоист, «ҷуброни зарари маънавӣ» пардохт кунад.

Дар доираи парвандаи оташсӯзии анбор Олег Фригин, зердасти пешини Забунова низ ба ҳайси ҷавобгар иштирок дошт, вале додгоҳ ӯро аз ҷавобгарӣ озод кард. Ҷониби даъвогар гуфт, аз ӯ шикоят надоранд. Фригин харҷи интиқоли ҷасадҳоро аз Русия ба Ӯзбекистон ба маблағи 650 ҳазор рубли русӣ пардохта, ҳамчунин ба хонаводаи қурбониён 1,4 миллион рубл товон додааст.

Сӯхтор дар анбори ба иҷора гирифтаи Юлия Забунова дар Колпино шаби 13 июли соли 2017 сар зад, ки ҳафт кушта бар ҷой гузошт. Ҳалокшудаҳо --шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳангоми сар задани сӯхтор хоб буданд ва дар натиҷаи заҳролудшавӣ ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG