Ссылки доступа

ИМА гуфт, Русияро барои боздошти маллоҳони украин "оқибатҳо"-е мунтазир аст


Намояндаи Департаменти давлатии ИМА гуфт, Русия бояд маллоҳони украинро, ки дар натиҷаи ҳодисаи тангнои Керч боздошт шуданд, раҳо кунад. Дар ғайри сурат, Москваро «оқибатҳо»-е мунтазир аст.

Ба гуфтаи намояндаи департамент, ин қазия масъалае нест, ки аз назари Вашингтон дур монад. Ӯ гуфт, ИМА «арзиши пардохт»-и Русияро боло хоҳад бурд.

Департаменти давлатии ИМА аз Иттиҳоди Аврупо ҳам даъват кард, ки дар робита ба рӯйдоди Керч ва боздошти маллоҳони Украина аз тарҳи «Ҷараёни шимол-2» даст кашад. Ба гуфтаи департамент, ҳар қадаре, ки зербиноиҳои гази Аврупо ҳудуди Украинаро давр зананд, ҳамон қадар имкониятҳои пешгирӣ аз таҷовузкориҳои низомии Русия камтар мешавад.

Як рӯз пеш аз ин сардори Ситоди кулли Нирӯҳои мусаллаҳи Украина Виктор Муженко дар суҳбат бо хабаргузории Reuters гуфт: «Дар рӯбарӯи мо ишғолгаре истодааст, ки ягон чаҳорчӯба, на ҳуқуқӣ ва на ахлоқиро намешиносад. Хеле мушкил аст, пешгӯӣ кард, ки он кай зидди Украина амалиётҳои низомии бузургро оғоз мекунад» . Ӯ афзуд, ки шумори тонкҳои Русия дар марз бо Украина якбора афзоиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, тайи ду ҳафта шумори тонкҳо ду баробар – аз 93 то ба 250 адад зиёд шудааст.

Марзбонони Русия 25 ноябр дар тангнои Керч се киштии Украинаро нахуст тирборон ва сипас бо маллоҳонашон боздошт карданд. Москва мегӯяд, онҳо марзи Русияро убур карданд. Вале Киев онро «таҷовузи ошкорои низомӣ» номид. Додгоҳи Русия дертар 24 маллоҳи украинро ду моҳ ҳабс кард. Ба онҳо то шаш соли зиндон таҳдид мекунад.

Раҳбарони кишварҳои Ғарб аз Русия даъват доранд, ки маллоҳонро фавран раҳо кунад.

XS
SM
MD
LG