Куштори Беҳрӯзҷон 12-уми сентябри имсол рух дода, ҷасадашро баъди шаш рӯз пайдо карданд. Ҳоҷарой Ашӯрова, модарбузурги Беҳрӯзҷон ба муфаттишон гуфтааст, ки аз ҷанҷолу нофармонии келини хонавода, ҷияни худ ба дод омада буд ва мехост, аз ин тариқ интиқом бигирад.
Гулсанам Боймуродова, модари Беҳрӯзҷон, рӯзи 4-уми декабр гуфт, гуноҳи хушдоманашро, ки ягона фарзанди ӯро куштааст, бахшид, вале дигар наметавонад дар хонаи онҳо зиндагӣ кунад. Боймуродова ҳоло ба манзили падараш дар ҷамоати Обшорони ноҳияи Ёвон кӯчидааст.
“Хушдоманамро бахшидам. Бо шавҳарам зиндагӣ кардан мехоҳам, вале нияти ба он хона рафтанро надорам. Дар онҷо писарам ба хотир меояд ва дилам месӯзад. Ба хонаи падарам омадам, ки оромиш ёбам”, - гуфт ӯ.
Парвандаи куштори кӯдаки сесола дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз рӯи банди “одамкушӣ” таҳқиқ шудааст. Ба Ҳоҷарой Ашӯрова аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Тафтишот мегӯяд, пиразан кӯдакро ба канале, ки аз он ҷо об мегузашт, бурда ва дар зери лой гӯрондааст. Ҷасади кӯдак рӯзи 18-уми сентябр дар ҳолати порашуда ошкор шуд.