Ссылки доступа

Сабабҳои асосии ҷанҷоли келину хушдоманҳои тоҷикро омӯхтанд


Созмони байналмилалии Alert International ва ташкилотҳои мустақил дар пайи як пажӯҳиши худ бо номи “Зиндагии шоиста” ба хулосае омадаанд, ки дар ҷомеаи муҳофизакори Тоҷикистон ҳанӯз ҳам баъзе аз келинҳо мавриди фишори равонӣ ва туҳмату таҳқир қарор доранд.

Дар доираи пажӯҳиши мазкур муносибати келину хушдоман дар 80 хонавода омӯхта шудааст.

Дар хонаи Қурбонгул Бобиеваи 52-сола чаҳор келин зиндагӣ мекунанд. Бобиева мегӯяд, бо келинҳояш муносибати хуб дорад ва дар як фазои ором зиндагӣ мекунанд. Чун дар гузашта худ ранҷи фишорҳои беохири равониву озор ва азиятро кашидааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, келинҳои имрӯза “зудранҷ” буда, насиҳатро намефаҳманд ва бо шавҳарҳояшон зуд-зуд ҷанг карда, ба хонаи волидон мераванд. “Келинҳои имрӯза хушдоманро дӯст намедоранд. Онҳо намехоҳанд, бо бародару хоҳари шавҳар зери як бом зиндагӣ кунанд. Издивоҷ бо писари ятимро беҳтар мешуморанд”, - афзуд Бобиева.

Меҳринисо Тухтаева, раиси созмони мустақили "Фародис" -и Тоҷикистон, ки дар иҷрои лоиҳаи International Alert иштирок дошт, мегӯяд, дар 80 ҷанҷоли хонаводагӣ дар ноҳияи Панҷакент ва навоҳии ҷанубии Тоҷикистон омилҳои асосии сар задани нофаҳмиҳо миёни келину хушдоман омӯхта ва роҳҳали онҳо пешниҳод шудааст.

"Одатан духтар барои хушдоман аз келин болотар аст. Келинҳо дар бештари маврид ҳатто ҳақ надоранд, ки ба аёдати волидонашон раванд. Ба хушдоманҳо фаҳмондем, ки ин кор нодуруст аст ва бо келин монанди духтари худ бояд муносибат кард. Аз хонаводаҳо даъват кардем, ки тафаккури "Агар ин шаҳвари туст, пас ҳаққи заданро дорад" аз сар дур кунанд", - изҳор дошт Тухтаева.

Бар пояи омори расмӣ, 57%-и аҳолии Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, тақрибан ҳар севумин зани тоҷик мавриди фишори равониву ҷисмонии хонаводаи шавҳараш қарор мегирад.

XS
SM
MD
LG