Ссылки доступа

Ҷасади Қодирҷон Ботиров, вакили пешини порлумони Қирғизистонро ба ватанаш намеоранд


Вакили пешини порлумони Қирғизистон Қодирҷон Ботиров, ки дар 62-солагӣ дар вилояти Одессаи Украина вафот кард, дар зодгоҳаш - шаҳир Ҷалолободи Қирғизистон ба хок супорида намешавад. Дар ин бора наздикони вакили пешин хабар доданд.

Дар суҳбати бидуни микрафон як манбаъ аз Ҷалолобод гуфт, наздикони Ботиров имконияти овардани ҷасади ӯро омӯхтаанд. Онҳо мегӯянд, ин масъала дар ҷаласае бо иштироки фаъолон, оқсақолон ва мансабдорон баррасӣ шуд. Дар ниҳоят қарор қабул шуд, ки ҷасади Ботиров ба Қирғизистон оварда нашавад. Вай шаби 4 декабр вафот кард.

Як манбаъ, ки дар мақомоти Бишкек кор мекунад, гуфт, тасмими наовардани ҷасади Ботиров ба хотири ноором накардани вазъи ҷануби Қирғизистон қабул шудааст.

Як пайванди Қодирҷон Ботиров дар Ҷалолобод мегӯяд, ҷасади ӯро ба Тошканд хоҳанд бурд.

"Мо намефаҳмем, ки шахси мурда чи кори баде карда метавонад? Ман дар тааҷубам, ки чаро мақомот ба мо иҷозат намедиҳад, ӯро оромона ба хок супорем", - гуфт ин пайванди Ботиров.

Қодирҷон Ботировро дар Қирғизистон ба ангехтани адовати миллӣ, даъват ба ҷудоихоҳӣ ва ташкили бетартибиҳо дар соли 2010 айбдор эълом ва ғоибона ба ҳабси якумрӣ маҳкум карда буданд. Соли 2011 бо қарори додгоҳ тамоми дороиҳои Ботиров -- 28 иншооти марбут ба ӯву ҳамсараш Каромат дар Қирғизистон мусодира ва давлатӣ карда шуданд.

XS
SM
MD
LG