Пештар созмони Human Rights Vision Foundation гуфт, Самиев рӯзи 4-уми декабр аз фурудгоҳи "Домодедово"-и шаҳри Москва ба Душанбе истирдод шуд. Ин масъули пешини ҳизби мамнӯи наҳзат рӯзи 1-уми декабр дар як гузаргоҳи Грозний, пойтахти Чеченистон, боздошт ва сипас ба идораи пулиси Ставропол бурда шуд.
Як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба шарти фош нашудани номаш рӯзи 5-уми декабр гуфт, Наимҷон Самиев аз тарафи муфаттишони мақомоти интизомӣ, аз ҷумла Додситонии кул “мавриди пурсиш қарор дорад”.
Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол иттиҳоми зидди Наимҷон Самиевро ошкор накардаанд. Маълум нест, ӯ бо чӣ айб дар Чеченистон боздошт ва ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.
Аҳмадулло Самиев, писари Наимҷон Самиев, рӯзи 5-уми декабр гуфт, ки рӯзи гузашта дар бораи ба Душанбе интиқол ёфтани падараш хабар ёфтанд. Ӯ мегӯяд, “хешовандҳо дар Исфара низ аз дастгир шудани падарам огоҳ ҳастанд. Қарор аст, ки бобоям барои хабаргириаш ба Душанбе биояд.”
Самиев афзуд, ки падараш моҳи июли имсол ҳангоми таҳияи аснод дар Қазоқистон хабар ёфтааст, ки ба қаллобӣ ва ба муфлисӣ расондани як корхона дар Исфара айбдор аст.
Наимҷон Самиеви 56-сола аз соли 2014 ба ин тараф бо хонаводааш дар Русия будааст. Ӯ аз соли 2008 то 2012 раиси дафтари ҳизби феълан мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд буд ва сипас раёсати ин ҳизбро дар Исфара бар дӯш дошт.
Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро соли 2015, баъди ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифоъ, мамнӯъ карданд ва он бо дархости додситонӣ созмони террористӣ эълон шуд. Мақомот мегӯянд, ошӯби хунин бо роҳнамоии Ҳизби наҳзат сурат гирифтааст. Ин ҳизб иттиҳомро қотеона рад мекунад ва мегӯяд, ки таъқиби "наҳзатиҳо" ба хотири аз майдони сиёсӣ рондани онҳо анҷом шуд.