Ссылки доступа

Аврупо нақшаи мубориза бо дуруғпарокании Русияро таҳия кард


Комиссияи Аврупо нақшаи мубориза бо дуруғпароканиҳои Русияро таҳия кард. Ҳадафи асосии он пешгирӣ аз дахолати Кремл ба интихоботи порлумонии Аврупо дар моҳи майи соли 2019 ва интихоботи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар соли 2020 аст.

ИА Русияро аз нигоҳи паҳни хабарҳои дуруғ яке аз таҳдидҳои асосӣ мешуморад. "Маъракаҳои дуруғпароканӣ ҳангоми задухурдҳои мусаллаҳонаи Сурия, суқути ҳавопаймои МН17 дар Украина ва истифодаи силоҳи кимиёӣ дар ҳамлаи Солсберӣ бодиққат сабт шудаанд. Дар робита ба Русия ин далелҳо қотеанд. Вале кишварҳои дигар низ бо омӯзиши сареи методҳои Русия стратегияи дуруғпароканиро густариш медиҳанд", - омадааст дар нақшаи комиссия.

Муаллифони санад мегӯянд, барои мубориза бо хабарҳои дуруғ бояд институтҳои Иттиҳоди Аврупо оид ба ошкор ва таҳлили маълумоти нодурустро беҳтар карда, огоҳӣ ва устувори ҷомеаро ба чунин иттилоъҳо баланд бардошт. Ҳамчунин нақшаи мазкур афзоиши буҷаи бахши хориҷии Иттиҳоди Аврупоро аз 2 то ба 5 миллион евро пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG