Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқи рус ба ҳимояти Лев Пономарёв бархостанд (видео)


Ҳомиёни ҳуқуқи рус дар робита ба 25 рӯз ҳабс шудани фаъоли маданӣ Лев Пономарёв ибрози нигаронӣ доранд. Онҳо аз додгоҳи шаҳри Москва хостанд, ҳангоми баррасии шикоят аз болои ин ҳукм меъёрҳои Конвенсияи Аврупо дар бораи ҳимояти ҳуқуқи инсонро ба инобат бигирад.

Зери номаи ҳимоят аз Пономарёв, аллакай раҳбари Гуруҳи Ҳелсинки Москва Людмила Алексеева, раҳбари бунёди "Шарикии иҷтимоӣ" Валерий Боршев, мудири маркази "Сова" Александр Верховский, раиси "Кумитаи зидди шиканҷа" Игор Каляпин, ҳамраиси ҳаракати "Садо" Григорий Мелконянст, узви шӯрои маркази ҳомии ҳуқуқи "Мемориал" Олег Орлов, раиси "Мемориал" Александр Черкасов ва мудири бунёди "Ҳукми ҷамъиятӣ" Наталя Таубина имзо гузоштаанд.

Раиси Шӯрои ҳуқуқи инсони назди президенти Русия Михаил Федотов ҳам роҷеъ ба ҳабси Пономарёв нигаронӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, додгоҳ метавонист ӯро танҳо ҷарима кунад.

Пономарёви 77-сола ба хотири иқдоми ҷонибдорӣ аз гумонбарони парвандаи "Ғуруруи нав" ва "Сетӣ" боздошт шуд. Ҳомии ҳуқуқи рус гӯиё дар бораи иқдоми худ дар Фейсбук навиштааст. Ӯро ба нақзи такрории қоидаҳои гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ айбдор карданд.

XS
SM
MD
LG