Ба иттилои ин ниҳод, муовини вазир барои додани хулосаи мусбат ба як ширкати хориҷӣ, дар робита ба сохтмони роҳи мошингард, пора талаб кардааст.
Гуфта мешавад, муовини вазир дар маҷмуъ аз ширкат 520 ҳазор доллар пора талаб карда буд. "Қисме аз ин маблағ, дар ҳаҷми 120 ҳазор долларро муовини вазир пештар тавассути миёнаравҳои ширкати хориҷӣ дарёфт кард. Маблағи боқимондаро муовини вазир мебоист давоми ҳафтаҳои оянда дастрас кунад", - хабар медиҳанд мақомоти Қирғизистон.
Расонаҳои Қирғизистон менависанд, муовини боздоштшудаи вазири нақлиёт Азимхон Жусуболиев аст. Вай моҳи феврали соли 2017 ба ин мақом таъйин шуда буд.