Ссылки доступа

Дар марзи Русия риши муҳоҷиронро иҷборан метарошанд


Бархе аз муҳоҷирони кории тоҷик мегӯянд, марзбонҳои Русия ҳангоми гузаштан аз сарҳади ин кишвар бо Қазоқистон онҳоро маҷбур карданд, ки ришашонро покиза тарошанд.

Муҳоҷириони тоҷик ҳар се моҳ барои қонунӣ кардани будубоши худ дар Русия маҷбуранд, марзи ин кишварро гузаранд. Онҳо бештар ба Қазоқистон ва Украина мераванд.

Зуҳуриддин Ғиёсов, муҳоҷири кории тоҷик, чанд рӯз пеш барои дуруст кардани санадҳо марзи Русияву Қазоқистонро гузашт ва дар онҷо аз ӯ ва ҳамроҳонаш талаб кардаанд, ки риши худро бигиранд.

"Вақте то гузаргоҳи марзӣ 300 километр монда буд, ронандаи таксӣ аз мо хост, ки ба ягон сартарошхона даромада, риши худро бигирем, вагарна марзбонҳо гузаштан намемонанд. Мо ба гапи ронанда гӯш накарда ва гуфтем, ки моро зудтар ба марз расонад. Чанд ҳамроҳам риш доштанд. Риши ман ҳам дамида буд", - нақл кард Зуҳуриддин Ғиёсов.

Ба қавли ин муҳоҷири тоҷик, вақте ба назди гузаргоҳи Маштаково дар марзи вилояти Оренбурги Русия бо Қазоқистон расиданд, сарҳадбонҳо гуфтаанд, ки ришҳоро тарошанд. Ӯ гуфт, "сарҳадбонҳо ришгирак доданд. Ман ва ҳамроҳонам дар утоқи дастшӯии гузаргоҳи марзӣ ришамонро покиза тарошидем ва танҳо баъди он сарҳадро гузаштему баргаштем".

Бино ба иттилои расмӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳастанд.

XS
SM
MD
LG