Ссылки доступа

Пайомадҳои аз ҳад зиёди дахолати волидон ба зиндагии оилаҳои ҷавон (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ҳазорон нафар дар марказҳои амрикоӣ англисӣ меомӯзанд. Ҳамасола беш аз 500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар 8 маркази амрикоӣ дар ин кишвар забони англисӣ ва донишҳои худро тақвият медиҳанд. Гуфта мешавад, ки дар агар кишварҳои дигар Амрико 4 маркази амрикоӣ дошта бошад, феълан дар Тоҷикистон 8 чунин марказ фаъол будааст. (видео)

- Пайомадҳои аз ҳад зиёди дахолати волидон ба зиндагии оилаҳои ҷавон. Худкушии як ҷавони 26-сола дар шаҳри Ваҳдат, ки то охирин рӯзҳои ҳаёташ дар андешаи ба хона баргардонидани ҳамсару фарзандаш буд, мавзӯи дахолати калонсолон ба зиндагии оилаҳои ҷавонро дигарбора доғ кард. Волидони Раҷабалӣ Қурбонзода мегӯянд, писари марҳумашон рӯзи фоҷеа барои овардани занаш рафт, вале дар ниҳоят ҷасадашро ба хона оварданд. (видео)

- Оташсӯзӣ дар яке аз истироҳатгоҳҳои Москва. Дар натиҷаи оташсӯзӣ дар охири моҳи ноябр дар яке аз истироҳатгоҳҳо дар канори Москва ду муҳоҷири тоҷик ҷароҳат бардоштанд. Ҳодиса 24-уми ноябр дар натиҷаи ба ҳам хӯрдани ноқилҳои барқ рух додааст. Видеоро аз тариқи Вотсапп ба мо фиристоданд (видео)

- Дафни 5 узви як хонавода дар Кабкрез. Ҷасади 5 муҳоҷири тоҷик, ки аъзои як хонаводаанд ва дар пайи як садамаи нақлиётӣ дар шаҳри Краснодари Русия ҷон доданд, нисфирӯзии 8 декабр дар маҳаллаи Кабкрезӣ Файзобод ба хок супурда шуд (видео)

- Мақомоти Ӯзбекистон иҷозат доданд, ҷасади Қодирҷон Ботиров дар қабристони наздикии Тошканд дафн шавад (видео)​

- Дар Душанбе озмуни зебоӣ барои духтарони дорои имкониятҳои маҳдуд баргузор шуд. (видео аз Директ)

- Фасодкорӣ ҳангоми қайди нақлиёт. (видео аз Қирғизистон)

- Руҳан қирғиз. Андрей орзу дорад, ба тими мунтахаби бузкашӣ ё кок-бору шомил шавад (видео)​

- Кӯдакони аз Чин овардашуда ба волидонашон пайвастанд. (видео аз Қазоқистон)

- Президенти Гурҷистон интихоб шуд, аммо дар расонаҳо мубориза идома дорад (видеои Настоящее время)​

- Мудири молии ширкати Huawei Technologies дар Канада боздошт шуд (видео)​

- Топ-5: кадоме аз сиёсатмадорон таваҷҷуҳи расонаҳоро моҳирона ба худ ҷалб мекунанд. (видеои Настоящее время)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG